ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази бемориҳои пӯст ва сирояткунандаи ҷинсӣ»-и ноҳия бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази бемориҳои пӯст ва сирояткунандаи ҷинсӣ»-и ноҳия Валиев Дилшод дар борааи касалиҳои пуст ва сирояткунандаи ҷинсӣ бо ҷамъмадагон суҳбат намуд.
Давлатҷон Ғаффорзода дар суханрониаш қайд кард, ки солимии миллат пояндагии онро таъмин менамояд. ҲХДТ бо мақсади дастгирии мардум ва хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули низоми муосири хизматрасонӣ бо истифода аз технологияи замонавӣ ва тайёр намудани мутахассисони соҳибкасби соҳаро аз ҷумлаи иқдомоти зарурӣ мешуморад, қайд гардидааст дар барномаи ҲХДТ.
Дар охир мавсуф ба раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази бемориҳои пӯст ва сирояткунандаи ҷинсӣ»-и ноҳия маводҳои ташвиқотию таблиғотиро дастрас намуд.