БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САДА - ҶАШНИ БУЗУРГИ СУННАТИИ МО ТОҶИКОН

АНДЕША. Тибқи ривоятҳои таърихӣ Сада яке аз ҷашнҳои бузурги мардуми ориётабор ба шумор рафта, аз Фариддуншоҳ ба мо мерос мондааст. Сада панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз қабл аз ҷашнгирии Наврӯз аниқтараш дар даҳаи Баҳман, ки ба охири моҳи январи мелодӣ рост меояд фарорасида, мардуми ориётаборонро ҳамчун ҷашни суннатӣ бо як шукуҳу шаҳомати хоса шурӯъ аз замони Каёнӣ дар даврони Ашкониёну Сосониён ва Сомониён истиқбол менамуданд. Рамзи асосии ҷашни Сада пирӯзии дурахши рӯшноӣ бар торикии зулмот, ҳарорати гармӣ бар шадидияти сармо ба шумор рафта, бо хусусиятҳои фарқкунандаи худ дар байни дигар ҷашнвораҳои миллӣ мақоми хосаеро касб намудааст.

Дар баробари истиқбол аз ин ҷашни бузурги суннатӣ дар сарзамини паҳновари «Ориё-Вайеҷа» мардумон аз хонаҳо ба берун баромада, бо умеди расидан ба рӯзҳои офтобии Фарвардинмоҳ аниқтараш ба Наврӯз дар дашту саҳро ба ҳам омада ҳезуми бисёре гирд оварда оташ меафрӯхтанду аловпарак ташкил менамуданд. Мақсаду маром ва маъюсиву дилмондагии якгидарро, ки дар давоми чиҳил рӯзи моҳи сармо пайдо гардидаро бо суханони умедворкунанда ба фардои неки расидан ба зиндагии босаодат таскин мебахшиданд. Ёдовар бояд гашт, ки аз сабаби эътиқодмандии зиёд ба Аҳурамаздо ва рукнҳои аслии оийни маздаясноӣ ориёиҳо оташро ҳамчун нури поки Яздон шумурда, аз замони кашф солҳои тӯлонӣ фурӯзон нигаҳдорӣ менамуданд, ки то хомӯш нагардад. Ҳатто дар маъбадҳо, ки аз 3 ҳуҷрагӣ иборат буданд дар қатори китоби муқаддаси Авасто оташро низ муннавар ҳифз менамуданд.

Баъд аз заволи салтанати муттамаркази Сомониён қариб, ки ҷашнгирии аксарияти ҷашнвораҳои суннатии мо тоҷикон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд.

Хушбахтона, бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон аз сари нав расму русум, анъанаҳои миллӣ,ки аксарияти онҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта аз хотироту ёдҳои мардум зудуда гардида буданд,аз сари нав эҳё гардиданд.

Неъматов  Абдуҷаббор, сокини ноҳияи Ш.Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg