БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭНЕРГЕТИКА - РУКНИ МУҲИМИ ҲАЁТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

КӮШОНИЁН. Ҳамасола, санаи 22-юми декабр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рӯзи энергетикҳо» ҷашн гирифта мешавад.

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нурафшон” - Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди касбии кормандони соҳаи энергетикаи кишвар - "Рӯзи энергетикҳо" таҳти унвони "Энергетика - рукни муҳими ҳаёт ва иқтисодиёт" Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, барои ҳамкориҳои мустаҳкам ва саҳми босазо гузоштан дар амалишавии ҳадафҳои ҳизб, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҳизбӣ  якчанд нафар омӯзгорони Донишкадаро бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-и ноҳия қадрдонӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg