БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НЕКӢ ДАР ҲАҚҚИ ПАДАРУ МОДАР НИШОНАИ ҚАДРШИНОСИИ ОНҲОСТ

АНДЕША. Падар ва модар ду мавҷуди муқаддасеанд, ки мо инсонҳо бояд эҳтиромашонро ба ҷо биёрем. Ҳаёт бо падару модар чи қадар зебову хуш аст. Агар дар зиндагӣ яке аз инҳо набошад, бисёр мушкилӣ пеш меояду мо дар нимароҳ танҳову бечораем.

Дар Қуръони Маҷид аз эҳсон ва некӣ ба падару модар сухан ба миён омадааст ва аҳамияти он то ҷое аст, ки пас аз парастиши Парвардигор, некӣ ба падару модар аст. Некӣ кардан дар ҳаққи падару модар дар ҳақиқат нишондиҳандаи каромат ва бузургвории инсон ва дастёбӣ ба рамзи мувафаққият дар дунё ва охират мебошад.

Шукргузорӣ, дӯст доштан, бо эҳтиром садо задан, бо нармӣ ва некӯ сухан гуфтан, хашмгин нашудан, хушнуд намудан, итоат кардан, дуо ва талаби мағфират намудан, ба зиёраташон рафтан, кӯмак намудан ба он чизе, ки эҳтиёҷ доранд ва фурӯтанӣ намудан ин вазифаи аввалиндараҷаи мо ба ҳисоб меравад.

Мутаассифона, беэҳтиромӣ нисбат ба падару модар ва озурдани хотири онҳо кори хато ва гуноҳест, ки бештар дар айёмӣ ҷавонӣ содир мешавад. Ва маҳз дар ҷавонӣ худ нофаҳмида аз сари ҷаҳлу ғафлат волидонро меранҷонем, ба онҳо гап мегардонем, дилашонро мешиканем. Пеш аз оне, ки онҳоро меранҷонем бояд фикр кунем, ки мо чӣ будему кӣ шудем. Як пора гӯшти хомро бо меҳру муҳаббат, бо навозишҳо пурмеҳру дилангез ва бо тамоми ҳастиашон мепарваранд. Худ намехӯранд, намепӯшанд тамоми ҳастиро барои дар шароити хуб ба камол расидани фарзанд мебахшанд.

Бинобар ин ҳамаи мо ҷавононро зарур аст, ки ба қадри ин ранҷу заҳматҳои кашидаи онҳо бирасем. Доимо дар хизмати эшон бошем ва нагузорем, ки онҳо лаҳзае ғамгин бошанд. Хушбахттарин шахс он касест, ки падару модар дорад. Пас ин хушбахтиро аз даст надода, чун гавҳараки чашм нигаҳбонашон бошем. Чуноне, ки гуфтаанд:

Шуд бадбахт ҳар кӣ озорад падар,
Ё кӣ бо модар сухан гӯяд ба қаҳр…

Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg