
ДӮСТӢ. Вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ дар байни интихобкунандагон дар ҳавзаи интихоботии №2 баргузор гардид. Ҷалолов Абубакр зимни вохӯрӣ дар мавзӯи хатарҳои истифодаи телефони мобилӣ-интернет ва обунашавӣ ба рӯзномаҳои ҳизбӣ суҳбат доир намуд. Ҳамзамон дар ҷамъомад раиси ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл Рустамова Рӯзигул иштирок ва суханронӣ намуд.