ҶАЙҲУН. Мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқот дар якҷоягӣ бо мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун аз рафти ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фонди нафақа” боздид намуданд.
Зимни боздид, масъулин аз ҷараёни корҳои ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии болозикр шинос шуда, оид ба тарзу усули дурусти ҳуҷҷатгузорӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои саривақтӣ доданд. Инчунин, таъкид намуданд, ки ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилот бояд тибқи Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.