ПАНҶ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навшод» ва «Тошбақакутал» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ибтидоии мазкур баргузор гардид.
Дар рафти маҷлис раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ Одинаев Ҳ ва Ҷабборов Қ аз натиҷаи фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дар шаш моҳи соли 2021 ҳисобот доданд.
Дар ҷамъбасти маҷлис бо пешниҳод ва тарафдории аксарияти иштирокдорон Одинаев Ҳ ва Ҷабборов Қ раиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии номбурда бори дигар аз нав интихоб карда шуданд.