ПАНҶ. Бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ориё” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардида, якчанд синфхонаҳои муассиса аз таъмир бароварда шуд.
Дар таъмири муассиса мардуми маҳал низ ба ҳалли проблемаи мактаб кумак расонида, барои ба пуррагӣ баровардани таъмир аз ҷониби падару модарон масолеҳи сохтмонӣ харидорӣ намуда, дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд.