ПАНҶ. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус СOVID-19 миёни сокинон бо усули “хона ба хона” ва «кӯча ба кӯча» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «60-солагии Панҷ» корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, барои паҳн наёфтани бемории сироятии коронавирус, бе ниқоби муҳофизатӣ гаштугузор накардан мулоқот доир намуданд.
Инчунин, дар рафти мулоқотҳо ба сокинон ниқобҳои муҳофизатӣ, маводҳои антисептикӣ ва варақаҳои иттилоотӣ баҳри пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус COVID-19 ба мардум дастрас карда шуд.