ДӮСТӢ. Дар доираи амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони "Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман" ҷиҳати баланд бардоштани масъулиятнокии ҳар як узви ҳизб, муайян кардани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, инчунин саривақт пардохт намудани ҳаққи узвият, масъулини Кумитаи иҷроия бо кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён" вохӯрӣ доир намуда, вобаста ба тарзи дурусти ҳуҷҷатгузории ҳизбӣ ёрии амалии худро расониданд.