Н.ХУСРАВ. Кормандони Кумитаи иҷроия дар ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» оид ба аз назар гузаронидани шаҳодатномаҳои ҳизбӣ мулоқот доир намуда, тибқи рӯйхат ва пешниҳоди ҳисоботи омории ташкилоти ибтидоӣ ҳамаи аъзои ҳизби ташкилоти ибтидоӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ дошта, бо варақаҳои шахсиашон мутобиқат менамоянд.
Пардохти ҳақки аъзогӣ мавҷуд буда, қарздорӣ аз аъзоҳаққӣ мавҷуд нест. Ҳамчунин ташкилоти ибтидоӣ бо парчами ҳизбӣ, лавҳаи ҳизбӣ ва лавҳаи роҳбарияти ҳизб таъмин мебошад.
Бо аъзои ташкилот суҳбату мулоқот баргузор намуда, моҳияти Дастурмамали Роҳнамо фаҳмонида шуда, ба ташкилотҳои ибтидоӣ бори дигар ҷиҳати дар асоси ҳамин Роҳнамо ба роҳ мондани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ, коргузории дохилиҳизбӣ, баланд бардоштани малакаи корбарӣ таъкид карда шуд.