ПАНҶ. Бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “16-солагии Истиқлолият” бо ҷалби аъзо ва фаъолони ҳизб Аксияи тарғиботӣ- амалӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” роҳандозӣ гардида, дар кӯчаи марказии деҳа 100 бех дарахтони ҳамешасабзи арча шинонида шуд.