БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ИЛҲОМБАХШИ ИҚДОМУ ТАШАББУСҲОИ НЕКУ СОЗАНДА

АНДЕША. Мақоли халқие ҳаст,ки гуфтаанд: “Вайрон кардан осон аст ва обод кардан душвор”. Мардуми шарафманди тоҷик  тавонист бо заҳмату амалҳои ободкоронаи хеш сарзамини аҷдодие, ки аз  ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, аз дасти хоинони давлату миллат харобагштаро  аз нав обод созад ва бо корҳои бундёкоронаю созандагӣ ҳисси баланди ифтихори миллии худро  нишон диҳад.

Миллати куҳанбунёди тоҷикро дар он лаҳзаҳои душвори зиндагӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз вартаи нобудшавию парокандагӣ наҷот доданд. Ин аст, ки мо имрӯз занону бонувони сарбаланди тоҷик бо ифтихору сарфарозии бепоён, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми кишвар дар  Ватани биҳиштосоямон кору зиндагӣ дорем.

Чун ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, мо мардуми мамлакатро бори дигар ба зиндагӣ руҳбаланду дилгарм месозад. Чун ҳамагон медонем санаи 26 январи соли ҷорӣ Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии кишвар баргузор гардид. Агар мо Паёмҳои Роҳбари давлатро  ба ҳам орем, ба тартиб  омӯзем, пеши назар манзараи вусъатёбии  рушду тараққиёти кишварамон намоён мегардад. Дар суханрониҳои Президенти мамлакат дастовардҳои сол, комёбиҳои аҳли заҳмат, камбудиҳову мушкилотҳои ҷойдоштаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва вазифаҳои минбаъда бо истифода аз таҳлилу далелҳои  фаровон бозгӯӣ ва шарҳу тафсир пешниҳод мегарданд. Паём собиткунандаи он аст, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан  хирадмандонаву созанда аст ва бо воқеият иртибот  дорад. Паёми имсолаи Президенти кишвар Паёми илҳомбахшу қутбнамои роҳи созандагӣ барои сокинон  гардида, ҳар як фарди бедордилу қавииродаи меҳанро ба он водор месозад, ки  барои боз ҳам рушд кардани Ватани азизамон-Тоҷикистон камари ҳиммат баста, дар корҳои  ободониву созандагӣ, яъне обод кардани як гӯшаи диёр  саҳм гузорад. Мо мардуми сарбалани тоҷик имрӯзҳо дар остонаи таҷлили санаи муҳиму таърихии давлату миллат ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорем ва моро месазад ин ҷашни фархундаро бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ истиқбол гирем. Аз ин хотир дар Паёми ироагардида Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вакилони мардумӣ, аҳли зиё ва сокинон кишвар  даъват ба амал оварданд, ки дар арафаи  таҷлили бошукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ даст ба дасти ҳам дода, Ватанамонро обод созем. Инчунин, дар Паём аз ҷониби Роҳбари давлат таъкид карда шуд, ки бундёкориву созандагӣ дар Тоҷикистон вусъати тоза дошта,  Ватани азизамон  имрӯзҳо рӯ ба рушду инкишоф ниҳодааст. Дастовардҳо  шоистаи таҳсину офаринанд ва аҳли ҷомеаро бовар мекунонанд, ки дар ояндаи наздик  мардуми заҳматкаши тоҷик тамоми мушкилоти мавҷударо бартараф намуда, ба қуллаҳои баланди зиндагӣ хоҳад расид.  

Ҳамчунин дар Паём дар иртибот ба баланд бардоштани мақому манзалати занон дар ҷомеа  омадааст, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад. Шумораи занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 фоиз, вилоятҳои Хатлон қариб 35 фоиз, Суғд беш аз 33 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 34 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 30 фоиз расидааст.Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд.Ба ҳолати якуми январи соли 2021 аз шумораи умумии 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занон ташкил медиҳанд. Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд. Фаъолияти бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назаррас буда, ҳоло шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 35600 нафар ва занони соҳибкор 77400 нафарро ташкил медиҳад.Ҷудо намудани қарз яке аз василаҳои беҳтар намудани шароити иқтисодии занон ва оилаҳо мебошад. Соли 2020 ба занону бонувони соҳибкор ба маблағи 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ қарз дода шудааст.Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки эътимоду боварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мо занону модарон зиёд гардида,  ҳар яки моро бар он водор месозад, ки ба ин ҳама ғамхорӣ, дастгирию боварӣ ва эътимоди  Президенти кишвар сазовор бошем ва бо амалҳои неку  созанда дар рушду пешрафти Ватани азизамон-Тоҷикистони маҳбуб саҳми арзандаи хешро гузорем.

Зебо Бозорова, рӯзноманигори нашрияи ҳизбии “Ҳамрози халқ”

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg