
ҶАЙҲУН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маркази саломатӣ" маҷлиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти кории аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии болозикр барои соли 2020 баргузор гардид.
Сараввал раиси ташкилоти ибтидоии болозикр оид ба корҳои анҷомёфта дар соли гузашта муфассал ҳисобот дод.
Инчунин, дар кори маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳсанзода Тағоймурод иштирок намуда, доир ба сарфаву сариштакорона истифода бурдани неруи барқ ибрози андеша намуд. Инчунин, мафҳум ва муҳтавои озмуни "Беҳтарин сарфакори барқ"-ро ба ҳозирин фаҳмонида, даъват ба амал овард, ки дар ин озмун фаъолона иштирок намоянд.