ЛЕВАКАНТ. Бахшида ба фарорасии Соли нави мелодӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар пайравӣ аз сиёсати хайрхоҳона, инсондӯстона ва ятимпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми шароиту имкониятҳо самаранок истифода намуда, ба 4 нафар ятимону маъюбони шаҳри Левакант кумаки яквақтаина, аз қабили орд, равған, биринҷ,картошка ва пиёз расонида шуд.
Раҷабзода Қурбонгул мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ниёзмандонро аз самими дил муборакбод гуфта, изҳор дошт, ки ин иқдом дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва беҳбудӣ бахшидан ба зиндагии онҳо сурат гирифтааст.
Дар рафти мулоқот ниёзмандон аз ин иқдоми ҳизбиён шод гардида, барои чунин таваҷҷуҳу ғамхорӣ миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон баён намуданд.