Н.ХУСРАВ. Ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бахши фарҳанг”-и ноҳия кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб вохӯрӣ доир намуда, муҳтавои муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик”-ро ба дарки сокинон расониданд.
Зимни суҳбат сокинон таъкид гардиданд, ки дар рӯзгори ҳаррӯзаашон ба талафоти неруи барқ роҳ надиҳанд, аз лампаҳои каммасраф истифода баранд ва барои пухтани маводи хӯрока, гарм кардани хонаҳои истиқоматӣ аз сӯзишвориҳои табиии ҳезум, ангишт, гази моеъ истифода баранд. Агар мо шаҳрвандон талаботи мазкурро хуб риоя намоем ҳам дар ғанӣ гаштани буҷаи оилаи худ, бе мушкилот паси сар намудани фасли зимистон ва барои расидан ба истиқлолияти пурраи энерегтикӣ саҳм хоҳем гузошт.