
ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз волонтиёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ оид ба пешгирии паҳншавии эпидемияи нави коронавирус ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ дар кӯчаи ба номи С. Айнӣ дар доираи Аксияи ҳизбии «Солимиии миллат - боигарии давлат» бо усули «кӯча ба кӯча» гардиш доир намуда, ба шаҳрвандон маводҳои таблиғотӣ барои пешгирии бемории COVI-19 ва истифодаи самараноки замин тақсим карда, ба онҳо тавсияҳои табибонро шарҳ доданд.