ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти нуҳмоҳа дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қумсангир” бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун маҷлиси ҷамъбастӣ доир гардид.
Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоӣ Идиев Зоир оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳисобот дода, қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аъзои ҳизб дар ташкилоти мазкур ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузорӣ карданд. Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Қумсангир” беш аз 28000 сомонӣ ба оилаҳои ниёзманд кумаки кумак расонида шудааст.