КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандон ва волонтёрони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар якҷоягӣ бо кормандони бахши ҷавонон ва варзиш дар маркази ноҳияи Кӯшониён бо усули “рӯ ба рӯ” вохӯрӣ гузарониданд.
Масъулин дар вохӯриҳояшон оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, ҷалби сокинон ба зироаткорӣ, вусъати ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳар ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ, инчунин, вусъат бахшидани корҳои бунёдкориву ободонӣ бахшида ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумуҳрии Тоҷикистон суханронӣ намуда, сокинонро ба риояи талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ, саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ карданд.
Ҳамзамон, ба хотири маълумоти бештар доштани сокинон аз масъалаҳои мубрами рӯз ба онҳо маводҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои тибии ройгон тақсим карда шуд.