ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Кишоварзӣ” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз маҷлис оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти нуҳмоҳаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва саҳми ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ дар бораи фаъолияти нуҳмоҳаи ташкилоти ибтидоӣ ва саҳми аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда, иброз дошт, ки минбаъд низ фаъолияти ҳизбиро, аз ҷумла татбиқи ҳадафҳои созандаи ҳизб талош меварзанд.