ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб маҷлиси ташкилоти ибтидоии "Ҳаваскор" оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти нуҳмоҳаи ин ташкилот баргузор гардид.
Сараввал ҷамъомадагон ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии "Ҳаваскор"- ро дар бораи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар нуҳ моҳи соли 2020 шунида, баъдан қарорҳои лозимаро қабул намуданд.
Ҳамзамон, Шарифзода Маҳмадаюб ба роҳбари ташкилот ва аъзои ҲХДТ барои саҳми арзандаашон дар баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, пирӯзии номзади арзандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро барояшон муборакбод гуфт.