ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси нақша-чорабинии гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар маҳаллаи ба номи М. Баҳодурови Ҷамоати шаҳраки Москва вохӯрӣ бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Н. Бодомов қайд кард, ки мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонон ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати давлат ва ҳалли мушкилоти вобаста бо оила ва занон диққати аввалиндараҷа дода, дар 7 соли оянда мақсад дорем, ки ташаббусҳои созандаи ҷавононро баланд бардошта, оммавигардонии варзишро таъмин намоем. Зиёд намудани таваҷҷуҳи ҷавонон ба иломӯзӣ, ихтироъкорӣ, навоварӣ ва бунёд кардани марказҳои инкишофи зеҳнии наврасону ҷавонон мақсади асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.