ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин, пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” дар ҳудуди маҳаллаҳои ноҳия гардиш доир намуданд.
Зимни суҳбат Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шуд. Инчунин, зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ ба оилаҳо варақаҳои тарғиботӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID -19 тақсим карда шуда, даъват ба амал оварда шуд, ки ба масъалаи мазкур диққати ҷиддӣ диҳанд ва тавсияҳои духтуронро риоя намоянд, бе зарурат аз рафтан ба ҷойҳои серодам худдорӣ кунанд.