Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар кӯчаи ба номи Ҷалолиддини Румии Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии аъзои гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор карда шуд.
Масъулин зимни вохӯрӣ му Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ба интихобкунандагон ба тарзи оммафаҳм расониданд.