ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии тарғиботчиёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Шифо» доир гардид.
Дар вохӯрӣ тарғиботчиён доир ба даствардҳои замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳи миёни тоҷикон ва рушду инкишофи кишвар баромад намуданд.
Инчунин, зимни суҳбат масъулин қайд карданд, ки тадбирҳои дар Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имкон медиҳад, ки дар муддати ҳафт соли оянда модели нави иқтисодӣ амалӣ гардида, ҳадафҳои стратегии кишвар тадриҷан татбиқ шуда ва вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ ба куллӣ тағйир ёбад.