КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён идома дорад. Тарғиботчиён Кумита дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 - и Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён бо сокинони деҳаҳои Қизилбайрақ ва Хурсандӣ вохӯрӣ доир намуда, оид ба муҳимтарин самтҳои Барномаи мазкур маълумотҳо дода, интихобкунандагонро барои интихоби номзади арзандаи ҲХДТ ҳидоят карданд.