ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар участкаи интихоботии № 16 доир ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11 октябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар вохӯрӣ аъзои гурӯҳҳои тарғиботӣ доир ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2021-2027 барномаю нақшаҳои корӣ дар давраи омодагӣ ба интихоботӣ оянда ва ҳамчунин дар асоси Барномаи ҲХДТ андешаронӣ карда, қайд намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон худ шарики фаъоли дигаргунсозиҳои сохтори давлатӣ ва шакли идоракунии ҷомеаи муосири Тоҷикистон мебошад ва дар раванди маъракаҳои сиёсӣ собит месозад, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз ҳизби бонуфуз дар тамоми қаламрави кишвар маҳсуб гардида, бо ҷонибдорони худ як қувваи бузургро ташкил ва ба сифати ташкилоти сиёсии ҷамъиятӣ дар тақдири халқи Тоҷикистон нақши муҳим дорад.
Бо баргузории маъракаҳои муҳими сиёсии дар пеш истода, мо ҳизбиён масъулияти баланди касби нишон дода, дар сатҳи баланди сиёсиву ташкили баргузор намудани он ва ба ҳадафҳои ниҳои ноил гаштан мавқеи устувор доштани ҳизби моро нишон медиҳад.