ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пурзӯр намудани корҳои тарғиботӣ ва шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҳудуди ноҳияи Данғара миёни аҳолӣ ва ҷавононе, ки бори аввал дар интихобот ширкат меварзанд вохӯрӣ баргузор гардида истодааст.
Ин навбат аъзои гурӯҳи тарғиботӣ ва масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Хушдилони Ҷамоати деҳоти Лоҳур бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуда, оид ба рафти интихобот ва ҳадафу мақсадҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карданд. Дар суҳбат аз ҷониби иштирокдорон иброз гардид, ки Барномаи пешазинтихоботии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба тарафдорӣ намуда, баҳри тинҷиву амонии кишварамон, пойдории сулҳу ваҳдат, соҳибистиқлолии кишвар, ки нақши асосиро дорад, ба ин номзади арзанда овоз медиҳем.