ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз бо иштироки раиси Кумитаи ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш Аслиддин Раҳимов бо кормандони МСД-и Наврӯз оид ба шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ доир гардид.
Аслиддин Раҳимов дар вохӯрӣ оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ҳарф зада, аз интихобкунандагон даъват ба амал овард, ки дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11-уми октябри соли равон баргузор мешавад, фаъолона ширкат намуда, ба номзади арзандаи худ, раъй диҳанд.