ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар деҳаи Инқилоби Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод бо интихобкунандагон оид ба муаррифии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур аъзои гурӯҳи тарғиботӣ, раиси ташкилоти ибтидоии “Инқилоб” И. Сурхаков баромад намуда, аз дастовардҳои 7 соли сипаригардида ёдовар шуда, интихобкунандагонро барои интихоби номзади арзанда аз ҲХДТ даъват намуд.