ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар робита ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии “МНДСЭ” бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо кормандон вохӯрӣ доир гардид.
Дар баробари шарҳи нуктаҳои асосии барнома мардум аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарҷамъии миллат ва оромиву суботи ҷомеа ёдовар гардида, изҳор доштанд, ки танҳо бо роҳнамоиву дурандешии Пешвои миллат давлат ба роҳи рушди устувор қадамҳои устувор гузошт.
Инчунин, аҳли нишаст иброз доштанд, ки дар рӯзи интихобот фаъолона ширкат варзида, овози худро ба тарафдории шахси арзандаи ҲХДТ хоҳанд дод. Дар охир ба иштирокунандагон маводҳои таблиғотӣ дастрас карда шуд.