Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҳайати гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Бешкент Ҷамоати деҳоти Истиқлол суҳбатҳо баргузор намуданд.
Ба интихобкунандагон Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти дурнамои ҳафт соли оянда (2021-2027), ки ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа ва таъмини рушди устувори иқтисодиёт, таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ, дастоварду пешравиҳои кишвар равона гардидаанд, андешаронӣ намуданд ва ҷамъомадагонро барои саҳм гузоштан дар ояндаи босаодати Ватан раҳнамоӣ карданд.