ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар доираи нақшаи корӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Алоқа” бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ҷиҳати тарғиб намудани Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулин дар рафти вохӯрӣ оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз аъзои ташкилоти ибтидоии болозикр даъват ба амал оварданд, ки дар маъракаи муҳими сиёсии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11 – уми октябри соли равон баргузор мешавад, фаъолона ширкат намуда, ба номзади арзандаи худ, барои пешрафти Тоҷикистони азиз раъйи худро медиҳем.