ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи тарғиботии ноҳиявӣ бо интихобкунандагони деҳаи Якуми Майи Ҷамоати деҳоти Панҷ бо интихобкунандагон дар доираи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабинии таблиғотии ҳизбӣ баргузор карданд.
Дар ин вохӯрӣ аъзои гурӯҳи мазкур вобаста ба муҳтаво ва ҳадафҳои Барномавии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баромад карда, иброз доштанд, ки ҲХДТ дар давраи аз интихобот то интихобот бо роҳбарии Раиси муаззами он ба дастовардҳои назаррасе ноил гаштааст. Барномаи нави номзад ба хотири боз ҳам рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва дигар соҳаҳои мухталифи Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳия ва тарҳрезӣ шудааст.
Иштирокдорон дар навбати хеш баён доштанд, ки номзади арзандаи ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.