Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин, пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дар ҳудуди деҳаи Коммунисти Ҷамоати деҳоти Ҳалевард вохӯрӣ бо интихобкунандагон доир намуданд.
Асоев Хизридин оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2013-2020 сухан гуфта, инчунин оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солҳои 2021-2027 таҳияшударо ба ҳозирин шарҳ дод. Дар охир аз ҷониби иштирокчиён баён гардид, ки номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.
Инчунин, зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ ба сокинон варақаҳои тарғиботӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID -19 тақсим карда шуда, даъват ба амал оварда шуд, ки ба масъалаи мазкур диққати ҷиддӣ диҳанд ва тавсияҳои духтуронро риоя намоянд, бе зарурат аз рафтан ба ҷойҳои серодам худдорӣ намоянд.