Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ва аъзои зергурӯҳҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Истиқлол дар деҳаи Муъминобод бо усули «хона ба хона» бо сокинон суҳбату мулоқотҳо оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуданд.
Аъзои гурӯҳи тарғиботӣ ва ҳамчунин зергурӯҳҳо ба интихобкунандагон иттиллоъ доданд, кииштирок дар интихобот ҷузъи таркибии ҳуқуқи конститутсионии ҳар як шахс аст. Дар баромадҳо аъзои гурӯҳи корӣ қайд намуданд, ки интихоби дурусти мо омили рушди ояндаи дурахшони кишварамон, наслҳои ояндаамон ва зиндагии шоистаи мардум мебошад.
Сипас, ҳамоҳангсози гурӯҳи таблиғотӣ кормандони Кумитаи иҷроия дар ноҳия ба интихобкунандагон оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳафт соли оянда сухан гуфта, қайд намуд, ки Пешвои миллат бо ташаббускориҳои наҷиби худ дар сатҳи оливу ҷаҳонӣ ибрати шахсӣ ва иродаву нерӯмандии худ намунаи ибрат мебошад.
Мулоқоту суҳбатҳо аз ҷониби аъзои гурӯҳи таблиғотӣ ва зергурӯҳҳо ҳамарӯза тибқи нақша бо сокинони деҳаю маҳаллаҳо баргузор гардида истодаанд.