БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва баргузории чорабиниҳои маърифативу варзишӣ ва иттилоотӣ ҷиҳати ихтиёран сафарбар гардидани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии соли 2020 миёни интихобкунандагони ҷавони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и деҳаи Зардолудашти Ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳим вохӯрӣ баргузор гардонида шуд.
Бояд гуфт, ки зимни суҳбат Барономаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро барои солҳои 2020-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ба саҳми интихобкунандагони ҷавон расонида, қайд карда шуд, ки иштирок дар интихобот вазифаи ҳар як шахси ватандору ватандӯст ба шумор рафта, хизмат ба Ватан-Модар қарзи виҷдонию инсонии ҳар як нафар ба ҳисоб меравад.
Аз ин рӯ моро зарур аст, ки ҷавононро дар руҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ ва ахлоқи ҳамида тарбия намуда, дар оянда ин ниҳолакони навраста ба дарахти азими мевадору пурбор табдил гардида, аз онҳо самараи дилхоҳ ба даст оварем.