Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар якҷоягӣ бо гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроия бо мақсади шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус дар маҳаллаи Деҳқонободи Ҷамоати деҳоти Калинин вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни суҳбат Алиеа Зафар мудири шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иброз дошт,ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби пешрав ва мавқеи устувор дар ҷомеа дошта аз он ифтихор дорад, ки номзади пешбарикардаи худ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи он нуктаҳои Барномаи пешазинтихоботии худро сарбаландона иҷро намуданд. Ва ҳамаи мо хуб медонем, ки зимни ироаи Паёми навбатии хеш Сарвари давлат дар баробари таҳлили вазъи иқтисодӣ, сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёт, мактабу маориф, бахшҳои кишоварзиву соҳибкорӣ ҳамзамон аз нуктаҳои Барномаи амали хеш ёдовар шуданд. Маврид ба зикр аст, ки ҷавҳари Барномаи пешазинтихоботии номзади арзандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро таъмини зиндагии шоистаи мардум ташкил медиҳад.
Дар охири вохӯрӣ роҳбари зергурӯҳ Насридинов Аҳтам қайд кард, ки пайдо шудану босуръат паҳн гардидани бемории сироятии коронавирус вазъи ҷаҳонро боз ҳам мураккабу печида гардонида, мардуми оламро ноорому осебпазирва мушкилии зиёдеро пеш овардааст. Ин беморӣ ба кишварҳои хурду бузурги олам ва ҳатто давлатҳои аз лиҳози техникаву технологӣ пешрафта зиёни сахти ҷониву молӣ расонида,имрӯзҳо боиси нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Қайд намудан ба маврид аст, ки ҳама бояд дар андешаи сиҳатии худ ва таъмини субот бошанд ва набояд мардум ба ҳангомаю овозаҳо дода шаванд. Бовар намудан ба овозаву ҳангомаҳои беасос муҳити носолимеро ба вуҷуд оварда, рӯҳияи инсонро мешиканад. Инсонҳо танҳо дар ҳамбастагӣ ва фазои солим ва бо рӯҳияи қавӣ метавонанд ба ҳар як беморӣ ғолиб бароянд.