Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар деҳаи Лелини Ҷамоати деҳоти Ҳалевард бо фарогирии интихобкунандагон суҳбату вохӯриҳо оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуданд.
Зимни мулоқот Асоев Хизридин аз Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ иқтибосҳо оварда, иброз доштанд, ки мо шаҳрвандон вазифадорем, ки дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлатро дар самти пешрафту ободии Ватанамон сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи хеш қарор дода, дар корҳои ободониву созандагӣ саҳм гузошта, барои худ ва насли оянда шароити хуби зиндагӣ фароҳам оварем.