БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НОМЗАДИ МО АРЗАНДАТАРИН АСТ

Ҳайати Ситоди вилоятии пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамроҳ бо шахси боэътимоди номзад ба мансаби президентӣ бо сокинони ду ҷамоати ноҳияи Кӯшониён – Бохтариён ва Заргар вохӯрӣ доир намуданд. Аз ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода ва ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Сайфиддин Давлатзода  дар ин ду вохӯрӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Миралиён Қиёмиддин Абдусалмзода, раиси Ситоди вилоятии пешазинтихоботии номзад ба мансаби президентӣ аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар суханронияш аз ҷумла иброз дошт, ки маҳз фазои мусоиди Истиқлолият ва ваҳдат намебуд, ҳамаи мову шумо имрӯз бо хотири ҷамъ дар ин толор гирд омада, рӯ ба рӯ бо якдигар суҳбат намекардем. Бояд донем, ки ин тинҷиву осудагӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Солҳои 1992 – 1993 қисмати зиёди сокинони Хатлонзамин кучманчӣ шуда буданд. Касе бовар надошт, ки Тоҷикистон дубора аз вартаи хунрезӣ, ҷангу нооромиҳо раҳо мешавад. “Агар нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд, шояд ба ин рӯзҳои нек намерасидем. Як бор ба аҳволи сокинони кишварҳои ҷангзада аз қабили Афғонистон, Сурия, Ливия назар кунед. Хушбахтона, Худованди бузург ин фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сари қудрат овард ва миллатро аз нестӣ раҳонид,” – илова кард Миралиён Қиёмиддин.

Давлатзода Сайфиддин шахси боэътимоди номзад ба мансаби президентӣ дар мулоқот аз дастовардҳои беназири мамлакат дар 7 соли ахир, аз талошу заҳматҳои роҳбарияти олии ҳукумати кишвар, ки ҳадаф расидан ба зиндагии шоиста мебошад, ёдовар шуд. “Дар ҳафт соли ахир сифати хизматрасонӣ дар ду соҳаи афзалиятнок, маориф ва тандурустӣ ба тадриҷ боло рафт. Барои беҳтар гардидани вазъи иҷтимоиву иқтисодии сокинони мамлакат беш аз 1200 корхона бунёд гардид, ки ин боиси хушбахтии мо мардуми сарбаланди Тоҷикистон мебошад. Ин ҳама дастовардҳо аз талошҳои ҳамаҷонибаи Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Пас моро зарур аст, ки дар рӯзи интихобот – 11 октябри соли равон ба тарафдории номзади арзанда – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз диҳем,” – гуфт Давлатзода Сайфиддин. Зимнан, мавсуф барномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирокчиён муаррифӣ кард.

Зимни вохӯриҳо ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ сокинонро барои иштироки фаъолона дар чорабинии муҳими сиёсӣ – интихобот даъват карда, муҳимияти иштирок ва мавқеи овози ҳар нафарро таъкид доштанд. Дар интиҳо барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби президентӣ аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастраси иштирокдорон гардонида шуд. 

Шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

                                                          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg