БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИРАЛИЁН ҚИЁМИДДИН: ҲИЗБИ МО ХАЛҚӢ АСТ, ПАС БОЯД БО ХАЛҚ БОШЕМ!

Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо иштироки аъзои ситод, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷаласаи Ситоди вилоятии пешазинтихоботии номзад ба мансаби президентӣ аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид.

Раиси Ситоди вилоятӣ Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода ҷаласаро оғоз бахшида, иброз доштанд, ки ин ҷаласаи дуюми Ситоди вилоятии пешазинтихоботии ҲХДТ мебошад ва ҳадафи асосӣ вусъати корҳои тарғиботӣ миёни сокинон вобаста ба фаҳмонидани муҳтавои Барномаи пешазинтихоботӣ номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ҳаким Эшмуродов, котиби Ситоди мазкур дар баромадаш қайд дошт, ки дар кумитаи вилоятии ҳизб утоқи корӣ бо тамоми шароит, ҷадвалӣ навбатдорӣ аз 15 сентябр омода гардидааст ва ҳамин иқдом дар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ роҳандозӣ шудааст.

Зимнан, мавсуф зикр намуд, ки гурӯҳҳои таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят то ба имрӯз 51 вохӯрӣ оид ба тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад баргузор намудаанд. Дар ҳудуди вилоят 25 гурӯҳ иборат аз 244 зергурӯҳҳо таъсис дода шудааст, ки аъзои гурӯҳ 4 ҳазору 407 нафарро дар бар гирифта, ҳамарӯза корҳои тарғиботиро ба роҳ мондаанд.

Аз ҷониби аъзои гурӯҳҳои тарғиботӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят аз 15 то 26 сентябр 790 вохӯрӣ бо иштироки 74 ҳазору 181 нафар дар толорҳо, 2 ҳазору 85 мулоқот дар саҳро бо фарогирии 30 ҳазору 500 нафар, 18 ҳазору 791 вохӯрӣ бо усули хона ба хона бо фарогирии 69 ҳазору 276 нафар баргузор гардида, 30 ҳазору 189 варақаи иттилоотӣ ба сокинон дастрас шудааст, афзуд Эшмуродов.

Ҳамзамон номбурда илова кард, ки аз Кумитаи иҷроияи Марказии ҳизб 31 ҳазор варақаи инъикоскунандаи фаъолияти Роҳбари ҳизб ба ҳама кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳо дастрас шудааст.

Миралиён Қиёмиддин, раиси вилоятии КИ ҲХДТ ба аъзои ситод дастур доданд, ки масъулон бобати вусъат бахшидани корҳои тарғиботӣ ва таҳкими фаъолияти зергурӯҳҳо фаъол бошанд. "Ҳизби мо халқӣ аст, пас бояд бо халқ бошем. Ҳоло вақти он расидааст, ки мо неруи худро дар пешбурди ҳадафи олии ҳизб сарф намоем", афзуд Қ. Миралиён.

Дар вохӯрӣ ба роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ба хотири иҷрои фаъолияти пурсамар изҳорӣ минатдорӣ карда шуд.

Дар ин баробар чанде аз раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо ба раис ва аъзои Ситоди вилоятӣ вобаста ба корҳои анҷомдода гузориш доданд.

Дар интиҳои ҷаласаи навбатии Ситод аз аъзо, шахсони боваринок ва раисони кумитаҳои иҷроияи шаҳрию ноҳиявӣ даъват ба амал оварда шуд, ки бобати пурсамар гузаронидани корҳои тарғиботӣ масъулияти бештар дошта бошанд, то маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи олӣ баргузор шавад.

Шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg