ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи №4”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ намояндагони ҳизби ноҳия оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадҳо карда, қайд намуданд, ки интихобот -нишонаи рушди демократия дар Тоҷикистон мебошад.
Бояд қайд кард, ки хонишҳои сиёсӣ роҷеъ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои ҳизбии ноҳия то Рӯзи интихобот ташкил ва гузаронида мешаванд.