ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии “Ҷавонон”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуз дар якҷоягӣ бо раиси маҳаллаи Ҷавонон Очилдиев Шодӣ бо усули “хона ба хона” вохӯрию суҳбатҳо оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии (COVID - 19) ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ бо мақсади пешгирӣ аз мавҷи дуюми коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Намояндагони ҳизбӣ дар суҳбати рӯ ба рӯ бо сокинон иброз доштанд, ки дар фасли тирамоҳу баҳор, ки бештари бемориҳо авҷ мекунанд, дар ин давра нисбати саломатии хеш ва наздиконатон бепарво набошед ва қоидаҳои беҳдоштиро дар хонадонатон нигоҳ дошта, дар ҳифзи солимии ҷомеа саҳмгузор бошед. Сипас, ба онҳо муроҷиатномаи ҲХДТ-ро тақсим карда, бори дигар ҳушдор доданд, ки гигиенаи шахсиро риоя намоянд ва бе ниқоби муҳофизатӣ аз хона набароянд.