
ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “хона ба хона” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон дар деҳаи Меҳнатобод-2 барои пешгирии бемории коронавирус бо аҳолӣ баргузор карда шуд.
Дар рафти вохӯриҳо ба сокинон таъкид карда шуд, ки бо риояи гигиенаи шахсӣ, тозагии маҳали зист ва истеъмоли ғизои солим худро аз хуруҷи авҷи дуюми коронавирус муҳофизат намоед. Ҳангоми риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва баланд бардоштани масъунияти одам ягон намуд бемориҳои сироятӣ наметавонад ба организми инсон ворид шуда, узвҳоро заҳролуд созад. Сипас, ба сокинон барои муҳофизат аз вируси ҳамагири корона ниқобҳои тиббӣ, муроҷиатномаи ҳизбӣ, тавсияномаҳо ва маҳлулҳои антисептикӣ дастрас карда шуданд.