ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ин гуфтаҳоро дар фаъолияти сокинони маҳаллаи Ҷавонони Ҷамоати шаҳраки Ховалинг, ки дар замини наздиҳавлигиашон тамоми маҳсулотро кишт намуда, ҳоло аз самараи меҳнати худ истифода менамоянд, дар рафти мулоқот мушоҳида намуданд. Соҳибхонаҳо аз ҳар ваҷаб замин самаранок истифода бурдаанд. Дар баъзе заминҳои наздиҳавлигӣ соҳибхонаҳо ба кишти такрорӣ оғоз кардаанд.
Ҳангоми суҳбат заминистифодабарандагон қайд намуданд, ки меҳнат дар замин барои саломатии кас фоидаовар аст. Дигар ин ки агар дар замин меҳнати ҳалол намоӣ, албатта роҳаташро мебинӣ.