ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг чорабиниҳои гуногуни беҳдоштиро ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва дигар бемориҳои сироятӣ мунтазам амалӣ менамоянд. Дирӯз бо иштироки масъулин дар деҳаи Чепиволи Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт Аксияи таблиғотии ”хона ба хона” ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани истифодаи самараноки замин ва аз он рӯёнидани ҳосили дилхоҳ барои таъминоти оила гузаронида шуд. Дар ин рӯз заминҳои 83 нафар бошандагони деҳа аз назар гузаронида шуда, ба заминистифодабарандагон дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи мақсаднок ва самараноки фаҳмонида шуд.