ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Чорабинии ҳизбӣ бо усули “хона ба хона” вобаста ба истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва пешгирии бемории коронавирус, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст, дар деҳаи Баҳори ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии ноҳияи Хуросон гузаронида шуд.
Намояндагони ҳизбӣ дар рафти чорабинӣ ба сокинон доир ба истифодаи оқилонаи замин ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сироятии коронавирус андешаҳои хешро баён дошта, сокинонро ба истифодаи самараноки замин, алалхусус ба роҳ мондани кишти такрорӣ бо мақсади ба даст овардани ҳосили дилхоҳ ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ раҳнамоӣ карданд. Дар охир ба ҳамагон варақаҳои иттилоотӣ барои истифодаи ҳаррӯзаашон дастрас карда шуда, даъват ба амал оварда шуд, ки аз рӯи тавсияҳои дар варақаҳо овардашуда амал намуда, худ ва дигаронро аз ҳамагуна бемориҳои сироятӣ муҳофизат намоянд.