ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирии бемории коронавирус (COVID-19) ва оқилона истифодабарии замин дар маҳаллаи ба номи Сафар Амиршоеви Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук чорабинии ҳизбӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо усули “хона ба хона” баргузор гардид.
Масъулин зимни суӽбат қайд карданд, ки барои таъмини зиндагии шоиста аз заминҳои наздиҳавлигии худ ва хоҷагиҳои ёрирасон самаранок истифода намуда, кишту кори зироатҳоро ба роҳ монанд ва ҳосили фаровон ба даст оваранд, наздикони худ ва дигаронро бо маводи озуқаворӣ таъмин созанд.
Инчунин, ба сокинон оид ба пешгирӣ аз ин беморӣ (COVID-19) варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуд.