
Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз рафти корҳои ободонӣ ва сохтмони ноҳия дидан намуда, бо соҳибкори муваффақ, узви фаъоли ҲХДТ Неъматов Абдуқаҳҳор вохӯрӣ анҷом доданд.
Зимни суҳбат маълум гардид, ки Неъматов Абдуқаҳҳор тасмим гирифтааст, дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки соли 2021 ҷашн гирифта мешавад, бо дастовардҳои назаррас, бо ба истифода додани бинои Маркази савдо дар маркази шаҳрак истиқбол гирад. Дар баробари ба истифода додани Маркази савдо шаҳрвандони бекор соҳиби ҷойи кор гардида, бо маоши хуб таъмин карда мешаванд. Дар охири суҳбат намояндагони ҳизбӣ барои иқдоми пешгирифтаи марди саховатманду ватандӯст Неъматов Абдуқаҳҳор ва дастгирии Аксияи ҳизбӣ изҳори миннатдорӣ баён карданд.