
ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз ҳисоби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, алалхусус раиси Кумитаи иҷроия Шарифзода Маҳмадаюб ба 1 нафар наврас аз оилаи ниёзманд, ятими кул кумаки молиявӣ ба маблағи 300 сомонӣ расонида шуд. Чунин иқдомҳои неку шоиста пайваста аз ҷониби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ роҳандозӣ гардида, қишри ниёзманди ҷомеа аз кумаку дастгириҳои шахсони ватандӯст бархӯрдор мегарданд.